Ru  | Tj
Расонаҳои Афғонистон: дар марз бо Тоҷикистон 2 нафар кушта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Расонаҳои Афғонистон: дар марз бо Тоҷикистон 2 нафар кушта шуданд
Акс: picture-alliance/dpa

Расонаҳои Афғонистон: дар марз бо Тоҷикистон 2 нафар кушта шуданд

Нашр шуд

Дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ низ 7 шаҳрванди Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон баъди даргирӣ бо марзбонони тоҷик кушта шуданд, зикр кардаанд расонаҳои афғон.

Расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани ду шаҳрванди ин кишвар дар вилояти Бадахшон дар пайи даргирӣ бо марзбонони Тоҷикистон хабар додаанд.

Манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ” гуфтанд, ки ду сокини ноҳияи Ёвони ин вилоят бар асари тирандозии марзбонони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манобеъ, ин афрод Ҳасибулло ва Халил ном доранд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Ҳасиб ва Халил рӯзи 10 июн дар рустои "Шулир"-и ноҳияи Ёвон дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон замоне тирборон шудаанд, ки дар миёни гурӯҳи 15-нафара, ки ҳуввияташон маълум нест, мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд.

Ба гуфтаи манобеъ, ин гурӯҳ пас аз тирборони марзбонони тоҷик аз маҳал фирор карда, ба нуқтаи марзӣ фирор кардаанд.

Бархе расонаҳо навиштаанд, ки ин ҳодиса замоне рух додааст, ки "15 сокини ноҳияи Ёвони Бадахшон қасд доштанд рӯдхонаи Омуро убур карда, барои истихроҷи тилло ба хоки Тоҷикистон ворид шаванд".

Бар асоси ин гузориш, бархе аз ин афрод мусаллаҳ буда, баъд аз шунидани ҳушдори марзбонони Тоҷикистон, фирор кардаанд, ки дар пайи тирандозии марзбонон як мард ва як наврас кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Толибон* то замони таҳияи хабар дар ин бора расман назари худро баён накардаанд.

Хотиррасон мекунем, ки нашрияи "Ҳашт субҳ"-и Афғонистон моҳи апрели соли ҷорӣ гузориш дода буд, ки дастикам 7 шаҳрванди ин кишвар дар пайи вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон аз кушта шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин афрод бо қочоқи маводди мухаддир машғул буда, аз рустои марзии "Навобод"-и ноҳияи "Чоҳи об"-и вилояти Тахор вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол бозёфтҳои рӯзномаи “Ҳафти субҳ”  нишон медиҳад, ки баъди сари қудрат расидани Толибон* дар Афғонистон, ҳудуди 300 хонаводаи аъзои созмонҳои мамнуъи "Ҳаракати исломии Узбекистон"* ва "Ансоруллоҳ"*-и Тоҷикистон дар шимолу шарқ, бахусус дар вилояти Бадахшони Афғонистон ба сар мебаранд.

Дар ин росто мақомоти Тоҷикистон борҳо аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар зери ҳукмронии Толибон* изҳори нигаронӣ кардаанд.


*-созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед