Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Расонаи амрикоӣ: Эрон ба як ҳамлаи “печида ва қавӣ” алайҳи Исроил омодагӣ мебинад
Нашр шуд
Рӯзномаи Wall Street Journal дар гузорише ба нақл аз мақомоти эронӣ ва кишварҳои арабӣ овардааст, ки вокуниши Эрон ба ҳамлаи Исроил бо силоҳи "қавитар" хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико ба умеди ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Эрон ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш додааст. Ба минтақа чанд ҳавопаймоҳҳои бомбаандози амрикоии «В-52» интиқол шуд.
Бар асоси ин гузориш, Эрон ба дипломатҳои арабӣ гуфтааст, ки ба далели кушта шудани чаҳор сарбоз ва як ғайринизомӣ дар ҳамалоти Исроил, артиши ин кишвар низ дар ҳамлаҳои оянда "иштирок" хоҳад кард.
Як мақоми эронӣ, ки дар ин гузориш номаш зикр нашудааст, ба Wall Street Journal гуфтааст, ки бахше аз ин амалиёт мумкин аст аз Ироқ анҷом шавад ва эҳтимол зерсохтҳои низомии Исроилро "бо шиддати бештар аз ҳамлаҳои қаблӣ" ҳадаф қарор диҳад.
Ин мақоми эронӣ ҳамчунин гуфтааст, Эрон бо ҳамлаи эҳтимолии худ намехоҳад ба интихоботи ояндаи Амрико таъсир расонад, афзуд, ки ҳамла "пас аз интихоботи рӯзи сешанбе" ва пеш аз маросими савгандёдкунии раисҷумҳури ояндаи ИМА анҷом хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ахиран Алӣ Фадавӣ, муовини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ки амалиёти низомӣ барои вокуниш ба Исроил "ҳатман" анҷом хоҳад шуд, аммо вай ҷузъиёти онро шарҳ надод.
Аз сӯи дигар Масъуд Пизишкён, раисҷумҳури Эрон низ дар нишасти ҳукумат гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ "таҷовуз ба ҳарими амниятӣ"-и худро бидуни посух намегузорад.
Ҳамзамон, вай гуфт, агар раҳбарони Исроил рафтори худро бознигарӣ карда, оташбасро бипазиранд, ин шояд дар навъ ва шиддати вокуниши Эрон асаре дошта бошад.
Хотиррасон мекунем, ки Эрон як бор бо мушакҳои баллистикӣ ва болдор ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ва бори дуввум бо садҳо мушаки баллистикӣ ба Исроил ҳамла кард. Ҳафтаи гузашта бошад Исроил ба чанд макон ва иншооти марбут ба дифои ҳавоӣ ва тавлиди мушакҳои баллистикӣ дар Эрон ҳамлаи ҳавоӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Исроил таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи навбатии Эрон вокуниши худро ба марокизи низомӣ маҳдуд нахоҳад кард. Дар ҳамлаҳое, ки субҳи рӯзи 26 октябр сурат гирифт, Исроил аз ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва ҳастаии Эрон худдорӣ кард.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед