Ru  | Tj
Расулзода ва Варанк аз имконоти истифоданашуда ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия гуфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Расулзода ва Варанк аз имконоти истифоданашуда ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия гуфтанд
Акс: НИАТ "Ховар"

Расулзода ва Варанк аз имконоти истифоданашуда ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия гуфтанд

Нашр шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк мулоқот намуд.

Ба иттилои “Ховар”, Сарвазири Тоҷикистон имрӯз бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия ва Вазири саноат ва технологияи ин кишвар Мустафо Варанк дидору гуфтугӯ кард.

Расулзода ва Варанк ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, сохтмон, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ энегретика ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

Тарафҳо зикр намуданд, ки бо ин вуҷуд ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашуда миёни ду кишвар зиёданд ва дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба тақвияти фаъолияти ниҳодҳои зидахли ҷонибҳо талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки новобаста аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 давоми шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Туркия ба 187 миллион доллар баробар шудааст. Ин нишондод нисбат ба аҳмин давраи соли гузашта 17,4 дарсад бештар мебошад.

Кохир Расулзода и министр иностранных дел Кыргызстана обсудили приграничные вопросы


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед