Ru  | Tj
Равоншиносон ва омӯзгорони ношунавоён аз Русия ба Тоҷикистон омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Равоншиносон ва омӯзгорони ношунавоён аз Русия ба Тоҷикистон омаданд

Равоншиносон ва омӯзгорони ношунавоён аз Русия ба Тоҷикистон омаданд

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби чорабинии байналмилалии башардӯстонаи “Амали хайр” дар давоми як ҳафта дар Душанбе ва Хуҷанд дар ду самти дахлдор мулоқот ва машваратҳо баргузор мешаванд.

Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ҳафтаи чорабинии «Амали хайр» аз Душанбе оғоз шуда, баъдан дар Хуҷанд баргузор мешавад. Ду омӯзгори ношунавоён ва ду равоншиноси тахассуси ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ва озори интернетӣ ба Тоҷикистон омаданд», - гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамин тариқ, мутахассисон Ирина Моисеева ва Даря Ковалева дарсҳои аввалини забони имову ишора ва кумаки равонӣ барои волидони кӯдакони дорои нуқсони шунавоӣ баргузор карданд. Дар баробари ин дарсҳои кушод ва омӯзишҳо барои омӯзгорони ношунавоён, табодули таҷриба ва муаррифии усулҳои роиҷ дар Русия дар назар аст.

Дар навбати худ, коршиносон дар заминаи пешгирии зӯроварӣ ва озори интернетӣ Мария Афонина ва Игор Мейнгардт бо мактаббачагон ва омӯзгорон дарсҳо гузарониданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 19 ноябр дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе барои волидайн баргузории дарси кушод дар мавзӯи озори интернетӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки соли гузашта бо мусоидати "Россотрудничество" дар доираи чорабинии башардӯстонаи «Амали хайр» ба Тоҷикистон ду табиби эндокринолог ва кардиолог, инчунин ду мутахассиси наҷотдиҳанда омада буд.

Барномаи байналмилалии «Амали хайр» аз ҷониби "Россотрудничество" дар якҷоягӣ бо Анҷумани Добро.рф амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед