Ru  | Tj
«Равшан»-и Кӯлоб бар тими «Куктош»-и Рӯдакӣ пирӯз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Равшан»-и Кӯлоб бар тими «Куктош»-и Рӯдакӣ пирӯз шуд
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон

«Равшан»-и Кӯлоб бар тими «Куктош»-и Рӯдакӣ пирӯз шуд

Нашр шуд

Рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Ҳисор бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе дар мавсими соли 2023 оғоз гардид.

Ба иттилои ФФТ, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт дастаи футбол ширкат мекунад.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомил буда, дар гурӯҳи «В» дастаҳои КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар нахустин бозӣ миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Куктош»-и Рӯдакӣ, ки нимаи аввали рӯзи 26-уми январ баргузор шуд, футболбозони «Равшан» бо ҳисоби 3 - 0 пирӯз шуданд. Инчунин ҳамин рӯз бозӣ миёни «Регар-ТадАЗ»–«Истиқлол» баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии минтақаи Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд. Баъди ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбад. Инчунин аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду дастаӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки имсол маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз аз ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед