Ru  | Tj
«РБ Спорт»: Тими «Ростов» барои гузариши Рустам Ятимов 230 ҳазор евро пардохт мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«РБ Спорт»: Тими «Ростов» барои гузариши Рустам Ятимов 230 ҳазор евро пардохт мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

«РБ Спорт»: Тими «Ростов» барои гузариши Рустам Ятимов 230 ҳазор евро пардохт мекунад

Нашр шуд

Тими "Ростов" бо дарвозабони тоҷик то охири моҳи июни соли 2029 шартномаи 5-сола имзо кардааст. Ҷониби Душанбе ҳанӯз расман ин иттилоъро тасдиқ накардааст.

Дарвозабони 25-солаи тими миллии Тоҷикистон ва "Истиқлол"-и Душанбе, Рустам Ятимов бозигари «Ростов» шуд, хабар медиҳад сомонаи «РБ Спорт».

Гуфта мешавад, маблағи ҷуброн барои гузариши Ятимов 230 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ҷониби тими “Истиқлол” расман ин иттилоъро тасдиқ накардааст, гарчанде ҷой доштани пешниҳодҳоро аз тимҳои “Ростов” ва “Химки”-и Русия таъйид намуда буд.

Рустам Ятимови 25-сола тарбиятдидаи "Волга"-и Нижний Новгород аст.

Тобистони соли 2017 Ятимов ба тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон пайваста, дар ин тим 92 бозӣ анҷом дода, дар 39 бозӣ ба дарвозааш ягон гол зада нашуд.

Дарвозабони мазкур дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон низ 42 бозӣ анҷом додааст.

Дар мавсими соли 2024 Ятимов дар ҳайати бошгоҳ 14 бозӣ анҷом дода, дар 4 бозӣ ба дарвозааш тӯб ворид нашуд.
 
Бояд гуфт, ки Рустам Ятимов дар охири соли 2023 гаронарзиштарин дарвозабони Осиёи Марказӣ шуд.
 
Пойгоҳи интернетии Transfermarkt ахиран арзиши Ятимовро 1,2 миллион евро баҳогузорӣ кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед