Ru  | Tj
Ризокорони таълими забони русӣ аз Русия ва Арманистон ба Тоҷикистон омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ризокорони таълими забони русӣ аз Русия ва Арманистон ба Тоҷикистон омаданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ризокорони таълими забони русӣ аз Русия ва Арманистон ба Тоҷикистон омаданд

Нашр шуд

30 иштирокчии марҳилаи ниҳоии лоиҳаи ризокорон «Барои забони русӣ!» дар кишварҳои хориҷӣ давраи сирӯзаи таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Ин гурӯҳи ризокорон донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия ва кишварҳои хориҷӣ, ғолибони озмуни байналмилалии Ҳаракати ризокорон «Барои забони русӣ!» мебошанд.

Ҳамин тариқ, Мане Мурадян (Донишгоҳи Русияву Арманистон) ва Екатерина Василева (Донишгоҳи давлатии Югра) дар Душанбе давраи таҷрибаомӯзиро сипарӣ мекунанд.

Мане ва Екатерина ҳарду дар риштаи забон ва адабиёти рус таҳсил мекунанд ва тасмим доранд, ки дар дар оммавӣ кардани забону фарҳанги рус саҳм гузоранд.

Тибқи иттилои "Хонаи русӣ" дар Душанбе, ин ду донишҷӯ орзу доранд, ки дар оянда омӯзгор шаванд. Иштирок дар лоиҳа барои касби таҷрибаи омӯзгорӣ, инчунин санҷиши усулҳои таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ муҳим дониста мешавад.

Филологҳои ҷавон дарси нахустини худро дар Маркази нави таҳсилоти иловагии "Россотрудничество" дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ баргузор карданд.

Барои хонандагони синфҳои боло бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Александр Пушкин, ки имсол 225-солагии зодрӯзаш таҷлил мешавад, озмун гузаронида шуд.

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки ду донишҷӯ аз Душанбе, ки низ дар доираи лоиҳаи «Барои забони русӣ!» омӯзишро хатм намуданд, дар мактабу донишгоҳҳои шаҳри Гюмрии Арманистон таҷрибаомӯзиро оғоз карданд.

Гуфтанист, Ҳаракати ризокорон «Барои забони русӣ!» бо сарпарастии "Россотрудничество" ва Донишгоҳи давлатии Нижний Новгород ба номи Н. Лобачевский роҳандозӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед