Ru  | Tj
Роҳандозии ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳандозии ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Роҳандозии ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербурги  Русия хостори рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 16-уми сентябр Шараф Шерализода, муовини раҳбари ин ниҳод бо раиси Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони «Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ» Руслан Марк ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати Санкт-Петербург Арбӣ Абубакаров мулоқот намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо масоили густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорат ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Баррасии масоили марбут ба роҳандозии ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Русия ҷиҳати ҷалби сармоя аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи Шерализода бо Руслан Марк ва  Арбӣ Абубакаров будааст.

Ҳафтаи гузашта як ҳайати соҳибкорон аз вилояти Свердловски ин кишвар низ ба Тоҷикистон омадаву дар дидор бо мақомҳои расмӣ ва соҳибкорони тоҷик масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хомро баррасӣ карда буданд.

Русия аз муҳимтарин шарикони стратегӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон аст. Бар пояи омори расмӣ,  дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 42 дарсад афзоиш ëфтаву  аз марзи 900 миллион доллар гузаштааст.

Президенти собиқи Қирғизистон намояндаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон таъйин шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед