Ru  | Tj
Роҳбари ҶДММ "Сарманзил" ба 375 кӯдаки ятиму бепарастор хобгоҳ сохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбари ҶДММ "Сарманзил" ба 375 кӯдаки ятиму бепарастор хобгоҳ сохт
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари ҶДММ "Сарманзил" ба 375 кӯдаки ятиму бепарастор хобгоҳ сохт

Нашр шуд

Имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 ифтитоҳ гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, бинои мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов сохта шуда, иншоот дар масоҳати 1 гектар қомат афрохтааст ва он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки дар бинои мазкур 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон бо фароҳам овардани тамоми шароити лозима бунёд гардидаанд.

Инчунин, бино бо лифт, камераҳои назоратӣ ва нуқтаи махсуси гармдиҳӣ, ки дар фасли зимистон ҳамаи ҳуҷраҳоро гарм мекунад, муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба муносибати соли нави хониш, Сарвари давлат ба ҳар як тарбиятгирандагони муассиса сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим намуд.

Бо ташаббуси Маҳмудҷон Муродов боз як муассисаи таълимӣ барои 3500 нафар хонанда дар ду баст дар шаҳри Душанбе сохта шуда, ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст.

Ин муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 459 хонанда ба таҳсили ҳамаҷониба фаро гирифта шудааст, ки 41 нафари он ятими кулл мебошанд.

Дар Мактаб-интернат 74 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ кору фаъолият менамоянд.

Дар Хуҷанд барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор кӯдакистон бунёд гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед