Ru  | Tj
Роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди СММ ба Душанбе омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди СММ ба Душанбе омад
Акс: Интернет

Роҳбари нави Намояндагии Барномаи рушди СММ ба Душанбе омад

Нашр шуд

Роҳбари тозамнасуби Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ба фаъолияти дипломатии худ оғоз бахшид. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин 7-уми феврал Ленни Монтиел, Раҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт ва Монтиел эътимодномаи худро ба вазири тоҷик тақдим кард.  

Дар мулоқот тарафҳо масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони милалро баррасӣ намуда, ба иҷрои лоиҳаҳои мутобиқ ба талаботи кишвар ва чашмандози ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуданд. 

Манбаъ мегӯяд, Муҳриддин аз сатҳи кунунии ҳамкории Душанбе бо Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ кардаву ба Ленни Монтиел барои анҷоми муваффқонаи маъмурияташ барор хост. 

Бояд гуфт, ки то ин замон Ленни Монтиел ёвари Дабири кулли Созмони Милал дар умури иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд буд. 

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон то имрӯз лоиҳаҳои зиёдеро дар заминаҳои мухталиф амалӣ кардааст. 


Кумитаи дин: Пешакӣ банд намудани ҷой дар оромгоҳҳо манъ карда шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед