Ru  | Tj
Роҳ барои донишҷӯёни тоҷик ба Русия боз мешавад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳ барои донишҷӯёни тоҷик ба Русия боз мешавад?

Роҳ барои донишҷӯёни тоҷик ба Русия боз мешавад?

Нашр шуд

Роспотребнадзор ният дорад, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ имкони вуруд ба Русияро бидиҳад. Раҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар як нома ба бахшҳои вилоятии ин идора навиштааст: «Ба қарори ҳукумати Русия дар мавриди вуруди афрод барои гирифтани маълумот дар мактабҳои олии Русия ва шахсоне, ки барои идомаи таҳсилоти олӣ ба муддати на камтар аз се моҳ ба Русия меоянд, тағйирот дароварда мешавад». Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, донишҷӯёни хориҷӣ бояд бо худ санади ташхис аз коронавирус дошта бошанд. Қабл аз шурӯи таҳсил донишҷӯёни хориҷиро дар Русия барои 14 зӯз дар режими худинзивоъ (самоизоляция) қарор медиҳанд ва сипас онҳо бояд дубора аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Манбаъ: pressa.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед