Ru  | Tj
Роҳбарони бонкҳои Осиёи Марказӣ дастгирии соҳбикорӣ ва маблағгузории сабзро муҳокима карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбарони бонкҳои Осиёи Марказӣ дастгирии соҳбикорӣ ва маблағгузории сабзро муҳокима карданд
Акс: Озодӣ

Роҳбарони бонкҳои Осиёи Марказӣ дастгирии соҳбикорӣ ва маблағгузории сабзро муҳокима карданд

Нашр шуд

Роҳбарони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як конфронси минтақавӣ дар Тошканд масоили рушди деҳот ва тақвияти корхонаҳои хурду миёнаро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти “Амонатбонк” хабар дод, ки роҳбари ин бонк Сироҷиддин Икромӣ 1-уми ноябр дар Тошканд дар конфронси минтақавӣ, ки дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон” баргузор гардид, ширкат намуд. 

Гуфта мешавад, ин конфронс бо ибтикори Фонди Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» баргузор шуд ва ҳадафи он тақвияти равобити байнибонкӣ дар самти иҷрои лоиҳаҳо вобаста ба густариши иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Манбаъ меафзояд, дар конфронс намояндагони «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики ин Фонд ба роҳбарони бонкҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯоти «Дастрасии молӣ», «Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омӯзиши соҳибкорон» ва “Маблағгузории сабз” пешниҳодҳои судман ироа кардаанд.  

Қаблан Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ иттилоъ дода буд, ки дар шаш моҳи соли равон ин бонк ба ҳудуди 36 ҳазор нафар мизоҷи худ беш аз 661,9 миллион сомонӣ қарз додааст.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи нуқоти аҳолинишини кишвар филиалу намояндагӣ дорад. Ҳамчунин маоши бисёр ниҳоду корхонаҳои давлатӣ, нафақаи бознишастагон ва дигар кӯмакҳои иҷтимоии давлат тавассути ин бонк пардохта мешавад.


Маблағгузории буҷаи давлатӣ ба иқтисод 8,3 млрд сомонӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед