Ru  | Tj
Роҳбарони ниҳодҳои сайëҳӣ рушди гардишгарӣ дар минтақаро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбарони ниҳодҳои сайëҳӣ рушди гардишгарӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Акс: SNG Today

Роҳбарони ниҳодҳои сайëҳӣ рушди гардишгарӣ дар минтақаро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Роҳбарони ниҳодҳои сайëҳии кишварҳои Осиëи Марказӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши гардишгариро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайëҳӣ, мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои сайëҳии кишварҳои Осиëи Марказӣ ба манзури тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманди минтақавӣ дар заминаи гардишгарӣ ва ба шакли маҷозӣ баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндагони ҳар кадоме аз кишварҳо зарфияти рушди сайëҳии мамлакати худро муаррифӣ намудаву роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши гардишгариро пешниҳод намудааст.

Камолиддин Муминзод, муовини Раиси Кумитаи сайëҳии Тоҷикистон дар ин мулоқот аз ҷумла гуфтааст, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳаммияти хоса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он яке аз аҳдофи аслии Ҳукумати кишвар мебошад.

Муъминзод ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон ҳамкорӣ миëни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Вай гуфт, ҳоло хатсайрҳои минтақавӣ низ дар Осиëи Марказӣ амалӣ гардида истодаанд, ки ин омил имкон медиҳад, сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз чанд кишвари ҳавзаи Шоҳроҳи Абрешим дидан намоянд.

Лозим ба зикр аст, ки мулоқоти якуми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли гузашта бо иштироки роҳбарону намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва анҷуману ташкилоти гардишгарии минтақа баргузор гардида буд.


Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед