Ru  | Tj
Роҳбарони ВКД Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои амният дар манотиқи марзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбарони ВКД Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои амният дар манотиқи марзиро баррасӣ карданд
Акс аз "Вечерний Бишкек"

Роҳбарони ВКД Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои амният дар манотиқи марзиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Рӯзи 6 апрел Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзод Рамазон Ҳамро бо ҳамтои баландпояи Қирғизистон Улан Ниёзбеков дар вилояти Суғд мулоқот кард, хабар медиҳад "Вечерний Бишкек".

Дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Дастгирии талошҳои муштарак оид ба фароҳам овардани амният ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор карда шуд.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти васеи вазирони корҳои дохилии Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сардорони воҳидҳои махсусгардонидашудаи полиси ду кишвар ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории наздимарзӣ ва инчунин масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими робитаҳои роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздимарзӣ ва воҳидҳои тахассусии ду вазорат дода шуд.

Натиҷаҳои музокирот бори дигар манфиати ҷонибҳоро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва омодагии онҳо барои таҳкими заминаи ҳуқуқии фаъолияти дарозмуддат тасдиқ карданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед