Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Роҳи қонунии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Корея боз мешавад
Нашр шуд
Баъди музокироти тулонӣ билохира миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея дар мавриди танзими муҳоҷирати корӣ тавофуқнома ба имзо расид.
Интизор аст, ки интиқоли неруи корӣ аз Тоҷикистон ба ҷумҳурии Корея аз соли оянда шуруъ мешавад.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва кори ҷумҳурии Корея дар заминаи фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор ахиран дар Душанбе имзо шуд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи ин санад, заминаи ҳамкорӣ байни Душанбе ва Сеул барои фиристодани кормандон ба ҷумҳурии Корея фароҳам мешавад.
Ҳадафи таҳияи ин тафоҳумнома омода намудани нерӯи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ аз будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар аст.
Таъкид мешавад, ки мавриди амал қарор гирифтани ин ёддошти тафоҳум ба паст кардани шиддати бекорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави кор, пешгирӣ аз ҳузури ғайриқонунии коргарон мусоидат мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи соҳавӣ, 29 декабри соли 2023 ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии корӣ ҷумҳурии Корея интихоб гардид.
Дар назар аст, ки тарафҳо омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ байни кишварҳоро дар доираи қонунгузории мавҷудаи ҳар ду давлат ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сода менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки яке аз талаботи асосии корфармоёни Ҷумҳурии Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ мебошад.
Бо назардошти ин довталабони кор дар Корея метавонанд тавассути муроҷиат ба Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ” ва бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, инчунин се маркази муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияи Восеъ ва ду маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара ба курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ҷалб гарданд.
Интизор меравад, ки шуруъ аз оғози соли 2025 интиқоли неруи корӣ аз Тоҷикистон ба Корея дар заминаи ёддошти мазкур оғоз мешавад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед