Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳҳои оҳани ИДМ соли ҷорӣ чанд мусофиру чӣ миқдор борро интиқол додаанд?
Нашр шуд
Интиқоли бор тариқи роҳи оҳан дар ИДМ 5 дарсад коҳиш ёфта, мусофиркашонӣ бошад баръакс 14 дарсад афзудааст.
Роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7,3 миллион нафар мусофир ва 1,2 миллиард тонна борҳо интиқол додаанд.
Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ин манбаъ, гардиши бор миёни кишварҳои ИДМ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5 дарсад коҳиш ёфта, 2,1 триллион тоннаро ташкил дод. «Дар ин муддат 1,2 миллиард тонна бор интиқол дода шуд, ки ин ҳам аз сатҳи соли гузашта 3,1% камтар аст», — гуфт Виктор Попов, раиси мудирияти Шурои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ.
Ба гуфтаи вай, қисми асосии интиқол тариқи роҳи оҳан дар доираи ИДМ ба ангишт, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, маъдан, металлҳои сиёҳ, нуриҳои минералӣ, молҳои сохтмонӣ ва маҳсулоти ҷангал, инчунин ғалла рост меояд.
Таъкид мешавад, ки ҳаҷми мусофиркашонӣ тавассути роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ дар нӯҳ моҳи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи 81-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои ИДМ намояндагони роҳи оҳани Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва инчунин Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Латвия, Эстония, Лаҳистон ва дигар кишварҳо низ ширкат карданд.
Баргузории ҷаласаи навбатии 82-юми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар семоҳаи дуюми соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед