Ru  | Tj
Роҳҳои рушди равобити Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳҳои рушди равобити Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Роҳҳои рушди равобити Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли Агентии ҳамкории байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи ҷумъа як ҳайати  фаластиниро бо роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкории байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ба ҳузур пазируфт.

Манбаъ меафзояд, дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Имод Зуҳайрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар Фаластин ва минтақа, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Муҳриддин ва Зуҳайрӣ ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо ҳимояти ниҳодҳои байналмилалии молӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудаанд.

Лозим ба зикр аст, ки робитаҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Фаластин ҳанӯз дар даврони шӯравӣ барқарор шуда буданд ва Тоҷикистон ҳамеша аз муборизаи озодихоҳии мардуми ин кишвар ҷонибдорӣ кардааст.

Муносиботи дипломатӣ миëни Тоҷикистону  Фаластин моҳи марти соли 1992 барқарор гашта, соли 2020 Сафорати ин кишвар дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо лоиҳаҳои 7 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор дорад.

Ҳайати вилояти Омски Русия барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ба Хатлон меояд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед