Ru  | Tj
"Росавиатсия" гуфт, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо Тоҷикистонро бекор кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Росавиатсия" гуфт, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо Тоҷикистонро бекор кардааст
Акс: Интернет

"Росавиатсия" гуфт, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо Тоҷикистонро бекор кардааст

Нашр шуд

Русия  маҳдудиятҳои парвоз бо Тоҷикстонро, ки ба далели пандемияи коронавирус роҳандозӣ гардида буд, бекор кард.

Ба гузориши Sputnik, Русия аз  9-уми март маҳдудиятҳои парвоз бо чандин кишварро, ки ба сабаби шуюъи коронавирус роҳандозӣ шуда буд, лағв кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин робита қарори махсуси Ҳукумати Русия ба тавсиб расидаву миëни кишварҳое, ки маҳдудияти парвозҳо бо онҳо лағв шудааст, номи Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ин тағйирот ҳам ба парвозҳои мунтазам ва ҳам номунтазам дахл дорад.

"Росавиатсия " гуфтааст, ки акнун дар баробари Тоҷикистон парвозҳои бемаҳдудият инчунин бо Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон амалӣ  мешаванд.

Қаблан Русия гуфта буд, ки аз 14 -уми март теъдоди парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.

Аммо дар ҳафтаи гузашта ду ширкати бузурги ҳавонавардии Русия аз лағви парвозҳо ба Тоҷикистон хабар доданд, ки ин боис ба афзоиши арзиши чиптаҳо гардид.


Дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари Матвиенко ба Душанберо баррасӣ намуданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед