Ru  | Tj
Роспотребнадзор аз рафти ташхис дар Тоҷикистон шарҳ дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роспотребнадзор аз рафти ташхис дар Тоҷикистон шарҳ дод
Акс: pamirdaily.com

Роспотребнадзор аз рафти ташхис дар Тоҷикистон шарҳ дод

Нашр шуд

Охирин рӯзи кории мутахассисони Роспотребнадзор дар Тоҷикистон имрӯз,19 март, ба анҷом расид ва масъулон хулосаи пешакии худро оид ба вазъи коронавируси кишвар шарҳ доданд.

Табибони институти "Микроб-и Хадамоти назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон аз рафти фаъолияти табибони Тоҷикистон қаноатманд шуда, илова намуданд, ки чораҳои андешида шуда дар даври пандемия сазовори баҳои баланд мебошад. Инчунин ҳолати хуби лаборатория ва муассисаҳои тиббӣ низ зикр гардид ва масъалаи таҷрибаомӯзии табибони тоҷик ва такмили ихтисоси онҳо имконпазир дониста шуд.

3 нафар мутахассисони Роспотребнадзори Россия тибқи қарори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 8-9 феврал доир гардид ба Тоҷикистон барои санҷиши вазъи эпидемиологӣ ташриф оварданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед