Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Россия барномаи СММ оид ба оморро маблағгузорӣ мекунад
Нашр шуд
Федератсияи Россия лоиҳаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар самти омор маблағгузори мекунад. Лоиҳаи мазкур Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷонро фаро мегирад, гуфта шудааст дар саҳифаи расмии Сафорати Русия дар шаҳри Душанбе.
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки роҳбари ин лоиҳа мебошад дар давоми татбиқи лоиҳа ду сол тавассути семинару конфронсҳо, нашри маводҳои таълимӣ, онлайн-курсҳо гузаронида мешавад.
Мутахассисони бо таҷриба ва намояндагони “Росстат” оморчиёни ҷавонро дар ҷамъоварии маводҳои дақиқ тайёр хоҳанд кард. Анҷоми лоиҳа дар охири соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед