Ru  | Tj
"Россотрудничество" ба ду мактаби Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор китоб ҳадя кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Россотрудничество" ба ду мактаби Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор китоб ҳадя кард

"Россотрудничество" ба ду мактаби Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор китоб ҳадя кард

Нашр шуд

Дар миёни китобҳои тақдимшуда ҳам адабиёти дарсӣ ва ҳам бадеӣ ҷой дорад.

"Россотрудничество" ба ду мактаби шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ҳадя кард. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Китобҳои навро ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ба номи В.Я. Опланчук ва мактаб-интернати ятимон дар вилояти Суғд таҳвил доданд.

Роҳбари "Хонаи русӣ" дар шаҳри Хуҷанд, Татяна Мудрова ба мактаббачагон дар бораи имкони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар доираи бурсияҳои таҳсилӣ маълумот дода, марҳилаҳои сабти номро муфассал шарҳ дод.

Бояд гуфт, ки мактаби рақами 4 ба номи В.Я.Опланчук дар шаҳри Бӯстон соли 1970 таъсис шудааст. Дар мактаб 1200 нафар талабагон ба забони русӣ таълим мегиранд. Мактаб-интернати вилоятии Суғд барои кӯдакони ятим бошад соли 1998 кушода шуд, ки дар он 114 нафар хонандагон ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дарс мехонанд.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли 2023 раҳбарони Русия ва Тоҷикистон, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамасола Маскав барои нашри китобҳои дарсӣ бо забони русӣ 200 миллион рубл ҷудо мекунад.

Ҳадаф аз ин созишнома бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ки ба забони русӣ тадрис мекунанд ва ё забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед