Ru  | Tj
"Россотрудничество" ба мактабҳои Данғара ва Душанбе китобҳои нави дарсӣ туҳфа кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Россотрудничество" ба мактабҳои Данғара ва Душанбе китобҳои нави дарсӣ туҳфа кард
Акс: “Россотрудничество”

"Россотрудничество" ба мактабҳои Данғара ва Душанбе китобҳои нави дарсӣ туҳфа кард

Нашр шуд

Намояндагии созмони “Россотрудничество” дар Тоҷикистон дар оғози соли нави таҳсил ба ду мактаби таҳсилоти умумӣ наздики 1300 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва дигар маводҳои омӯзишӣ туҳфа кард.

Тибқи иттилои “Россотрудничество”, дар Мактаби президентии кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бори нахуст чанд синфхонаи таълим бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт.

“Хонаи русӣ” дар Душанбе махсусан барои онҳо китобҳои дарсӣ, ки тибқи стандартҳои таълимии Русия тартиб дода шудаанд, тақдим кард.

Инчунин Мактаби президентии кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Данғара дуюмин иштирокчии лоиҳаи «Геологи ҷавон» дар Тоҷикистон гардид.

Маҷмӯаи таълимӣ бо намунаҳои маъдан аз Маркази таълимии геологҳо, конканҳо ва экологҳои ҷавони Урал ба синфи географияи ин мактаб ҳадя карда шуд.

Инчунин дар оянда бо иштироки мутахассисони Донишгоҳи кӯҳии Урал барои хонандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор намудани видеоконфронсҳо дар назар аст.

Дар баробари ин “Россотрудничество” ба литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи А.М.Осимии шаҳри Душанбе низ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таҳвил дод. Бояд гуфт, ки дар литсейи мазкур кӯдакони аз синфи 5 боло пурра ба забони русӣ таълим мегиранд.

Ин муассисаи таълимӣ тамаркузи табиию риёзӣ дошта, бисёре аз хатмкунандагони он тибқи бурсияҳои ҳукумати Русия таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома медиҳанд.

Бояд гуфт, ки чанде қабл намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и Душанбе низ маҷмӯаи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ тақдим кард.

Илова бар ин, мактаби мазкур аввалин иштирокчии лоиҳаи «Геологи ҷавон» гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед