Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
"Россотрудничество" ба марказҳои кӯдакону наврасони Душанбе китоб ҳадя кард
Нашр шуд
Ба муассисаҳои таълимӣ ҳудуди 1500 китоби асарҳои классикон ва муаллифони муосири рус ва маҷаллаҳои адабии машҳур тақдим шуд. Китобҳои нав хазинаи китобхонаҳои марказҳои бачагону наврасони пойтахти Точикистонро пурра мекунанд.
Дар ин бора намояндагии "Россотрудничесто" дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар марказҳои пойтахт дар маҷмуъ ҳудуди 9 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои гуногуни эҷодӣ ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи Назрихӯҷа Сайдалиев, мудири Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, бисёре аз хонандагон дар ин ҷо ба озмуни китобхонӣ омодагӣ мегиранд. Вай афзуд, ки аз ғанӣ шудани хазинаи китобхонаҳо бо китобҳои замонавию рангоранг ба забони русӣ хушҳол ҳастанд. Назрихуҷа Сайдалиев зикр кард, ки фаъолияти китобхонаи маҳаллӣ дар рафти озмуни махсус қадрдонӣ шуда, дар сатҳи ноҳия беҳтарин дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба мактабу муассисаҳои томактабӣ дар ин кишвар беш аз 13 ҳазор китоб ҳадя кардааст.

«Вазифаи Марказҳои кӯдакону наврасон аз он иборат аст, ки ҷавонон дар вақтҳои холии худ рушди созанда дошта ва имкони кашфи зарфияти эҷодии худро пайдо кунанд. Мо аз тарафи худ хоҳиши омӯзиши забон ва адабиёти русро дастгирӣ мекунем ва боварӣ дорем, ки ин китобҳо дар ин кор кумак мекунанд», - гуфт Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.Бояд гуфт, ки иқдоми тақдими китобҳо бо ибтикори "Хонаи русӣ" дар Душанбе ва Анҷумани иттифоқҳои нависандагон ва ноширони Русия сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба мактабу муассисаҳои томактабӣ дар ин кишвар беш аз 13 ҳазор китоб ҳадя кардааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед