Ru  | Tj
Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи Афғонистон – мавзӯи аслии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Токаеву Лукашенко

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи Афғонистон – мавзӯи аслии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Токаеву Лукашенко
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи Афғонистон – мавзӯи аслии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Токаеву Лукашенко

Нашр шуд

Рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мушкилоти минтақаиву ҷаҳонӣ аз меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни қазоқу беларусиаш буд.

Дирӯз дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, ва Александр Лукашенко, Президенти Белорус, ки барои ширкат дар нишастҳои СААД ва СҲШ вориди Душанбе шуданд, мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзӯи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуд ва тарафҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.


Ба иттилои манбаъ, Раҳмон ва Токаев бобати таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар дидори сарони Тоҷикистону Қазоқистон ҳамчунин ба масоили Афғонистон дахл карда шуд ва Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистон нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намуд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Александр Лукашенко иброз дошт, ки мардумони Тоҷикистону Белорусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Раҳмон ва Лукашенко дар ин дидор перомуни ҳолат ва дурнамои равобити Душанбеву Минск дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша карданд.

Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми сентябр дар Душанбе дар саммити Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва нишасти Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Дирӯз ҳамчунин Дабири кулли СҲШ ва Президенти Қирғизистон вориди Душанбе шуданд.

25 масъалае, ки Раҳмону Ҷабборов таъкид карданд: Аз масоили марзӣ то рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед