Ru  | Tj
Рушди моҳипарварӣ: Дар кишвар беш аз ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рушди моҳипарварӣ: Дар кишвар беш аз ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст
Акс: Интернет

Рушди моҳипарварӣ: Дар кишвар беш аз ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст

Нашр шуд

Хоҷагиҳои моҳипарварии кишвар дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти моҳиро зиёд намудаву дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот нақши арзанда гузоштаанд.

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки моҳҳои январ-июли соли равон дар кишвар ҳудуди як ҳазору 145 тонна гӯшти моҳӣ бо арзиши 23 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 дарсад бештар мебошад.

Манбаъ афзудааст, ки дар ин давра аз ҳама зиёдтар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояи Хатлон фаъол будаанд ва беш аз 775 тонна гӯшти моҳӣ тавлид намудаанд. Ҳамчунин, моҳипарварони Суғд -310 тонна, шаҳри Ваҳдат - 57 тонна, Турсунзода 1,3 ва Рӯдакӣ 1 тонна гӯшти моҳӣ ба бозор баровардаанд.

Гуфта шудааст, ки дар кишвар дар ин давра аз ҳама бештар моҳии пешонағафси сафед ва зағорамоҳиву гулмоҳӣ ва амури сафед сайд шудааст.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир дар Тоҷикистон ба рушди моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Моҳи гузашта Сарвари давлат қонун «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро имзо намуда буд, ки он ба таъмини мардуми кишвар ба гӯшти босифати моҳӣ равона гардидааст. Дар ин санад ҳамчунин ба зарурати рушди моҳипарварӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва тавсеаи соҳибкорӣ дар ин соҳа таъкид шудааст.


Ҷудо намудани маблағ аз буҷҷа барои рушди ҳунарҳои мардумӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед