Ru  | Tj
Рушди тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рушди тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расидааст
Акс: economy.gov.ru

Рушди тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расидааст

Нашр шуд

Дар соли 2022 гардиши тиҷорат байни Русия ва Тоҷикистон 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дода, ин нишондод дар ду даҳсолаи охир ба сатҳи рекордӣ расидааст.

Рӯзҳои 3-4 феврал ҳайати Русия таҳти роҳбарии Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди ин кишвар ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, зимни ин сафар масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, навоварӣ ва фанноварӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди Русия, дар доираи ин сафари корӣ Максим Решетников бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дидору мулоқот анҷом додааст.

Ба гуфтаи Максим Решетников, ҷониби Русия ба воридоти маъдани руҳ ва алюминий, либос ва маводи ғизоӣ аз Тоҷикистон манфиатдор аст. Дар навбати хеш Русия омода аст, то ба Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таҷҳизоти коркарди чӯб, филизот, инчунин васоити нақлиёт ва маҳсулоти кимиёвиро афзоиш диҳад.

Решетников дар идома гуфт: «Дар 11 моҳи соли 2022 додугирифти мутақобила бо Тоҷикистон 20% афзоиш ёфта, ин нишондод дар ду даҳсолаи охир ба сатҳи рекордӣ расидааст».

Дар идома таъкид мешавад, ки соли гузашта кори Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дубора оғоз шуда, нахустин ҳамоиши сармоягузории «Русия – Тоҷикистон» баргузор шуд. Аввали моҳи марти соли 2023 бошад дар Душанбе баргузории конфронси байниминтақавӣ дар назар аст, ки дар ҳошияи он форуми соҳибкорон ва сармоягузорон низ сурат мегирад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Русия омода аст пешниҳодоти Тоҷикистон дар мавриди таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи тавлид ва коркарди маҳсулоти ғизоиро баррасӣ кунад. Мутахассисони рус омодаанд, ки масъалаи таъмини таҷҳизоти истеҳсоли Русияро барои муҷаҳҳаз кардани ин корхонаҳо баррасӣ кунанд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки Русия ният дорад дар Тоҷикистон маркази омодасозии пеш аз муҳоҷиратро ифтитоҳ кунад, то шаҳрвандони тоҷик тавонананд бидуни тарки ин кишвар дар Русия корфармо пайдо карда, асноди лозимаи муҳоҷиратиро таҳия кунанд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки бар асоси дастури кишвардори Русия Владимир Путин муҳоҷирони Тоҷикистон сарфи назар аз ҳадафи сафар ба ин кишвар метавонанд дар Русия кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон соли 2022 ҳаҷми гардиши тиҷорат миёни ду кишвар 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 321 миллион доллар ё 23,7 дарсад зиёд аст.

Аз сӯйи дигар ба иттилои Идораи марзбонии Хадамоти амнияти Русия дар соли гузашта беш аз 306 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбати соли 2021 212% бештар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед