Ru  | Tj
Русия 400 муҳоҷирро ба мӯҳлати 40 сол аз кишвар берун кашид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия 400 муҳоҷирро ба мӯҳлати 40 сол аз кишвар берун кашид
Акс: Интернет

Русия 400 муҳоҷирро ба мӯҳлати 40 сол аз кишвар берун кашид

Нашр шуд

Барои қонуншиканиҳои мухталиф ҳудуди 400 муҳоҷир аз Русия ба мӯҳлати 40 сол берун кашида шудаанд.

Агентии иттилоотии "ТАСС" менависад, ки вобаста ба масъалаи мазкур Татяна Дмитревна, корманди Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба корҳои муҳоҷират дар сӯҳбат бо журналистон иттилоъ додааст.

"Савол ба миён омад, ки нисбат ба рафтори ношоистаи муҳоҷироне, ки  дар ташкил намудани занозанӣ иқдом доштанд ва бе иҷозат чорабиниҳоро баргузор менамуданд, чӣ чораҳо андешем? Метавонам бигӯям, ки дар шаҳри Москав нисбат ба 400 нафар муҳоҷир, ки дар ин гуна чорабиниҳо иштирок доштанд, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд ва дар натиҷа вуруди онҳо ба ҳудуди Русия то 40 сол мамнӯъ гардид. Амалан, онҳо дигар ба Русия ворид нахоҳанд шуд", - шарҳ додааст Дмитревна дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон.

Ба маълумоти ВКД-и Русия, айни ҳол дар саросари  Русия 1 миллиону 330 ҳазор муҳоҷир ҳузур доранд, ки нишондоди мазкур нисбат ба соли гузашта 30% бештар мебошад.


Аввалин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар шаҳри Женева муаррифӣ гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед