Ru  | Tj
Русия афзалияти нишасти "Формати Маскав" дар умури Афғонистонро баён дошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия афзалияти нишасти "Формати Маскав" дар умури Афғонистонро баён дошт
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия афзалияти нишасти "Формати Маскав" дар умури Афғонистонро баён дошт

Нашр шуд

Густариши таомули кишварҳои минтақа бо Толибон* аз афзалиятҳои нишасти "Формати Маскав" мебошад, изҳор дошт Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия.

Вай авлавияти шашумин нишасти “Формати Маскав”-ро таҳкими раванди “оштии миллӣ” дар Афғонистон ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа бо Толибон* дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир унвон кард.

Захарова рӯзи 2 октябр гуфт, ин нишаст рӯзи ҷумъа 4 октябр дар Маскав бо ҳузури намояндагони Русия, Ҳинд, Чин, Эрон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия афзуд, ки дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон* низ ба унвони меҳмон ширкат хоҳад кард.

Вай гуфт, ки мулоқотро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия ифтитоҳ мекунад ва дар ҳошияи нишаст бо вазири хориҷаи Толибон* низ гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар поёни нишаст ширкаткунандагон дар баёнияи муштарак назари худро дар бораи авзоъ дар Афғонистон эълом хоҳанд кард.

Амирхон Муттақӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Маскав рафт.

Панҷумин нишасти "Формати Маскав" дар охири моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Қазон низ бо ҳузури иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи Толибон* баргузор шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед