Ru  | Tj
Русия ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристодааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристодааст
Акс: Интернет

Русия ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристодааст

Нашр шуд

Нахустин ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаи Русия субҳи дирӯз, 18-уми ноябр вориди Кобул шуд.

Як намояндаи ҳукумати имрӯзаи Афғонистон гуфта, ки Русия ба Афғонистон 108 тонна маводи ғизоӣ мерасонад ва аввалин кӯмаки ғизоӣ, яъне 36 тонна имрӯз вориди Кобул шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин кӯмакҳо кемпел, равған ва орд дохил мешаванд.

Русия аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар Афғонистон хабар додааст.

Қаблан Замир Кабулов, фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфта буд, ки вазоратҳои дифоъ ва беҳдошти ин кишвар барои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон омодагӣ мегиранд.

Рӯзҳои ахир бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Эрон, Покистон, Ӯзбакистон, Чин ва Қатар ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона ва маводи пизишкӣ ирсол кардаанд.


Толибон ваъда доданд, ки қарзи нерӯи барқро ба кишваҳои ҳамсоя пардохт мекунанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед