Ru  | Tj
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад: Роҳандозии қатораҳои чартерӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад: Роҳандозии қатораҳои чартерӣ
Акс: Интернет

Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад: Роҳандозии қатораҳои чартерӣ

Нашр шуд

Барои ҷамъ кардани ҳосили кишти заминҳои Русия қувваи корӣ намерасад ва аз ин лоҳоз эҳтиёҷ ба муҳоҷирон пайдо шудааст.

Вазорати кишоварзии ин кишвар пешниҳод намудааст, ки корҳои саҳроӣ ба қувваи корӣ эҳтиёҷ доранд, аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бо қатораҳои чартерӣ ба Русия оварда шаванд. Дар ин бора, сомонаи gazeta.ru иттилоъ медиҳад.

Ба шарҳи манбаъ, мақомот ҳамроҳ бо роҳи оҳани Русия метавонанд барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар саҳро қатораҳои чартериро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло имконият барои бурда расондани коргарон танҳо тариқи ҳавопаймо вуҷуд дорад, вале барои соҳибони заминҳои ҳосилхез ин восита гаронӣ мекунад.

Масъалаи мазкур дар Вазорати кишоварзии Русия ҳафтаи гузашта ба миён гузошта шудааст. Барои анҷом додани корҳои мавсимӣ, Комплекси агросаноатии Русия ба нақша гирифтааст, ки 38,2 ҳазор коргарро аз кишварҳои ҳамсоя ҷалб намояд.



Русия то охири сентябр “депорт” намекунад. Амри нави Путин

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед