Ru  | Tj
Русия ба Тоҷикистон барои ғизои мактаббачагон 1,2 ҳазор тон орд кумак кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ба Тоҷикистон барои ғизои мактаббачагон 1,2 ҳазор тон орд кумак кард

Русия ба Тоҷикистон барои ғизои мактаббачагон 1,2 ҳазор тон орд кумак кард

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон амалисозии Барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ идома дорад. Аз соли 2013 сармоягузори асосии ин барнома Федератсияи Русия мебошад.

Русия барои ташкили ғизо дар мактабҳо ба вилояти Суғди Тоҷикистон беш аз 1,2 ҳазор тонна орди ғанишуда тақдим кард.


Дар ин бора ТАСС бо такя ба консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд хабар дод. Дар маросими супоридани ин кумакҳои ғизоӣ дар шимоли Тоҷикистон Сергей Ланкин консули генералии Русия ширкат дошт.

Орди таҳвилшуда ба мактабҳои вилояти Суғди Тоҷикистон, ки ҳудуди 2 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, тақсим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин тарҳи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон буда, аз соли 2013 инҷониб аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.

Илова бар ин, бахше аз ин барнома таҷдиди ошхонаи мактабҳо ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва ташкили гармхонаҳо барои парвариши сабзавоту мева аст.

Дар ҳоли ҳозир ин барнома наздики 2 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар саросари Тоҷикистонро фаро мегирад, ки дар доираи он 450 ҳазор нафар мактаббачагон бо хӯроки гарми серғизо таъмин карда мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед