Ru  | Tj
Русия ба як мактаби Тоҷикистон 1,4 ҳазор китоби дарсӣ ҳадя кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ба як мактаби Тоҷикистон 1,4 ҳазор китоби дарсӣ ҳадя кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия ба як мактаби Тоҷикистон 1,4 ҳазор китоби дарсӣ ҳадя кард

Нашр шуд

Куҳантарин мактаби Хуҷанд аз "Россотрудничество" китобҳои нави дарсӣ гирифт.

Дар арафаи Рӯзи дониш аз ҷониби кормандони "Хонаи русӣ" ва Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба синфҳои ибтидоии гимназияи рақами 1 ба номи Раҳим Ҷалил 1400 адад китоби нав супурда шуд.

Дар ин миён китобҳои дарсии забони русӣ, математика, адабиёт, ҷаҳони атроф, инчунин дафтар, машқи хат ва маводҳои дидактикӣ мебошанд.

«Мактаб-гимназияи раками 1 имсол 100-солагии худро ҷашн мегирад. Ин ягона мактаби давлатӣ бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки дар он аз 1 сентябр пас аз танаффуси тӯлонӣ фаъолияти ду синфи русӣ аз сар гирифта мешавад, ки дар он 57 кӯдак таҳсил хоҳанд кард», - гуфт Татяна Мудрова, сардори "Хонаи русӣ" дар шаҳри Хуҷанд.

Бояд гуфт, ки гимназияи No1 ба номи Раҳим Ҷалил соли 1924 кушода шуда, айни замон дар он 3300 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таълимии Тоҷикистон пайваста аз Русия китобу дастурҳои таълимӣ мегиранд. Таълим дар мактабҳои Тоҷикистон асосан ба забони давлатии тоҷикӣ сурат гирифта, забони русӣ бошад, фанни ҳатмӣ мебошад. Баъзе муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон ба забони русӣ дарс мегузаронанд ва дар Қонуни асосии ин кишвар забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо зикр шудааст.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ фаъолият мекунанд, ки дарсҳо ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои таълимии Русия сурат мегиранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед