Ru  | Tj
Русия барои иҷрои ду лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон 3,85 миллион доллар ихтисос намудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия барои иҷрои ду лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон 3,85 миллион доллар ихтисос намудааст
Акс: Интернет

Русия барои иҷрои ду лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон 3,85 миллион доллар ихтисос намудааст

Нашр шуд

Лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ки бо кӯмаки молии Русия амалӣ мешаванд, баҳри таҳкими ҷомеа дар Тоҷикистон равона шудаанд.

Тавре "ТАСС" иттилоъ медиҳад, Русия дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳое, ки ин ду кишварро ба ҳам мепайванданд,  лоиҳаҳои "Таҳкими ҷомеа дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Тоҷикистон" ва "Кӯмак ба рафъи оқибатҳои иқтисодии COVID-19 тавассути беҳбуди шароити зиндагӣ, имконоти шуғл ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар водии Фарғона” -ро амалӣ карда истодааст.

Таъкид мегардад, ки  дар доираи лоиҳаҳои мазкур аллакай 120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, иқтидори 175 хоҷагӣ мустаҳкам гардид ва нақшаҳои рушди ноҳияҳои Сангвор, Темурмалик, Восеъ, Ховалинг барои солҳои 2021-2025 тартиб дода шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли гузашта Русия барои бунёди панҷ мактаби замонавии русӣ дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ҷудо карда буд.\


Эмомалӣ Раҳмон: ИДМ ва СААД бояд фазои иттилоотиро ҳифз кунанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед