Ru  | Tj
Русия барои ташхиси бемории обилаи маймун ба Узбекистон тест мефиристад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия барои ташхиси бемории обилаи маймун ба Узбекистон тест мефиристад
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия барои ташхиси бемории обилаи маймун ба Узбекистон тест мефиристад

Нашр шуд

Хадамоти федеролии назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Русия (Роспотребнадзор) дар ҳафтаи ҷорӣ ба Узбекистон бастаи аввалини тестҳо барои ошкор кардани Mpox (обилаи маймун) мефиристад.

Рӯзи 26 август таҳти раёсати Анна Попова, сардухтури давлатии санитарии Русия ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдори ҳифзи беҳдоштӣ ва эпидемиологии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа намояндагии Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ва Узбекистон низ даъват карда шуданд.  

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи вазъи марбут ба эълони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ҳолати фавқулоддаи дорои аҳамияти байналмилалӣ дар робита ба бемории обилаи маймун баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи аъзои Шӯро, хатари паҳншавии бемории обилаи маймун дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Тоҷикистон ва Узбекистон паст арзёбӣ мешавад.  

Иштироккунандагони ҷаласа дар бораи тадбирҳои андешидаи зидди ин бемориро баррасӣ карданд. Таъкид мешавад, ки ҳама кишварҳои минтақаи Авруосиё дар марз тадбирҳои назоратиро пурзӯр кардаанд.

Дар ин ҷаласа, шарикон барои пешниҳоди системаҳои тестӣ барои муайян кардани бемории обилаи маймун, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти илмии вирусология ва биохимияи «Вектор»-и Роспотребнадзор таҳия шудааст, ба ҷониби Русия муроҷиат карданд.

Дар ин замина зикр шуд, ки аввалин маҷмӯи системаҳои тестӣ барои муайян кардани бемории обилаи маймун дар ин ҳафта ба Узбекистон таҳвил мешавад.  

Обилаи маймун як бемории сироятии нодир аст, ки бештар дар манотиқи дурдасти Африқои марказӣ ва ғарбӣ паҳн мешавад. Аломатҳои он дилбеҳузурӣ, табларза, обила, хориш ва дарди мушакҳо мебошанд. Дар ҳолатҳои сабук, беморӣ одатан худ аз худ мегузарад ва ё аз 14 то 21 рӯз давом мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эпидемияи обилаи маймун дар Африқоро вазъияти фавқулоддаи ҷаҳонӣ эълон кард.

Дар давоми ду соли охир ин бори дуюм аст, ки СҶТ дар робита ба бемории обилаи маймун дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон мекунад.

Эпидемияи нави ин беморӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго оғоз шуда, дар ин кишвар 450 нафар фавтиданд ва сипас обилаи маймун дар саросари Африқои Марказӣ ва Шарқӣ паҳн шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед