Ru  | Tj
Русия дар даҳ соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия дар даҳ соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст

Русия дар даҳ соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст

Нашр шуд

Муомилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли афзоиш буда, ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз 1,2 миллиард доллар гузашт.

Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 соли ахир аз 1,5 миллиард доллар гузашт, гуфт Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

«Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷамъшуда [дар Русия] дар 10 соли охир ба беш аз 1,5 миллиард доллар расид», - гуфт Расулзода.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон ба Русия як қатор тарҳҳои ояндадор барои ҷалби сармоя ва татбиқи онҳо пешниҳод кардааст. Дар робита ба ин, Расулзода пешниҳод кард, ки дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ зеркумитаи алоҳида дар бахши ҳамкориҳои сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

«Ман итминон дорам, ки татбиқи лоиҳаҳои воқеан азими сармоягузорӣ ба рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо мувофиқ аст», - таъкид кард нахуствазири Тоҷикистон.

Русия дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маъмулан дар ҷои аввал аст. Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар дар ҳашт моҳи соли 2024 беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 14,3% бештар аст.

Зикр мешавад, ки Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти химия, чубу тахта, металҳои сиёҳ, таҷҳизоти механикӣ ва техникӣ содир мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Ҳамраисҳои комиссия аз ҷониби Русия, Марат Ҳуснуллин муовини нахуствазир ва аз ҷониби Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нахуствазир мебошанд.

Дар ин ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, муҳоҷират, энергетика, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, ҳамчунин дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва ғайраро баррасӣ карданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед