Ru  | Tj
Русия дар Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаби замонавӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия дар Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаби замонавӣ месозад
Акс: Sputnik

Русия дар Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаби замонавӣ месозад

Нашр шуд

Барои сохтмони ҳар як мактаб 30 миллион доллар ҷудо шудааст.

Ба иттилои "ТАСС"  Русия барои бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ҷудо кардааст.

Ба таъкиди манбаъ, оид ба иқдоми мазкур Муовини раёсати ҳукумати Русия Алексей Оверчук ҳангоми ташрифи расмии худ ба шаҳри Душанбе ( 30-юми ноябр) хабар додааст. 

Дар хабар зикр мегардад, ки таҳсил дар мактабҳои ҷадид ба забони русӣ роҳандозӣ мегардад ва муаллимони рус ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, ба қайди Оверчук, Русия умедвор аст, ки корҳои сохтмонии мактабҳои нав дар Тоҷикистон то 1-уми сентябри соли 2022 ба анҷом мерасанд. 

"Вақте мо соли 2020 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда будем, ӯ хоҳиш кард, ки корҳои сохмонии панҷ мактаб тезонида шаванд", - шарҳ додааст Оверчук.

Моҳи апрели соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон бо Русия созишномаро оид ба сохтмони панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ, ки тадрис дар онҳо ба забони русӣ роҳандозӣ мегардад, имзо намуд. 

Мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,  Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта мешаванд. Таълим дар ҳар як мактаби нав ба 1200 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.


Форуми ҷавонони Тоҷикистону Русия имрӯз дар Маскав ба кори худ анҷом мебахшад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед