Ru  | Tj
Русия: “Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои мо ва Осиёи Марказӣ хатар аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия: “Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои мо ва Осиёи Марказӣ хатар аст”
Акс: Интернет

Русия: “Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои мо ва Осиёи Марказӣ хатар аст”

Нашр шуд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов гуфтааст, "Гурӯҳи террористии ДИИШ* хатари ҷиддӣ ба субот дар Афғонистон аст”.

Хабаргузории русии “Спутник” рӯзи душанбе ба нақл аз ин мақоми Русия гуфта, ки амалиёти низомии Русия дар Сурия ДИИШ-ро ба таври қобили мулоҳиза заъиф кардааст.

Муовини Вазири корҳои хориҷаи Русия афзуда, ки феълан фаъолиятҳои ДИИШ омили аслии бесуботӣ дар Афғонистон мебошад.

Ба гуфтаи ӯ фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронкунанда аст.

Ҳамчунин, Сиромолотов дар нишасти порлумонӣ дар Маскав чунин гуфтааст: "Дар баробари ин, фаъолияти ДИИШ ҳамчунин омили муҳимми бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аст."

Вай афзудааст, ки раҳбарияти ДИИШ, ки умдатан аз ҳисоби маводи мухаддир маблағгузорӣ мешавад, нақшаҳои густариши нуфузаш дар саросари Осиёи Марказӣ ва Русияро афзоиш хоҳад дод.

Аз замони суқути ҷумҳурӣ дар Афғонистон ДИИШ масъулияти чандин ҳамла дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

*ДИИШ – Ҳаракати хатарноки террористӣ, ки фаъолияташ дар кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистон манъ карда шудааст


Ҷабҳаи муқовимат: “Ягона роҳи ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аз байн бурдани Толибон аст”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед