Ru  | Tj
Русия гуфт, ки барои сохтани постгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ харҷ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия гуфт, ки барои сохтани постгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ харҷ мекунад
Акс: RT

Русия гуфт, ки барои сохтани постгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ харҷ мекунад

Нашр шуд

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон барои сохтани як постгоҳи сарҳадӣ дар марзи Афғонистон 1 миллиону 100 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Олег Сиромолотов, муовини вазир ва сарпарасти масоили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризми Вазорати хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории "Интерфакс" зикр намуд, ки кишвараш ба Тоҷикистон барои сохтани як постгоҳи марзӣ 1,1 миллион доллар ҷудо кардааст.

Сиромилотов афзуд, ки ин постгоҳ дар вилояти Хатлон бунёд меёбад ва бобати сохтани он дар гуфтушунидҳои сатҳи олӣ, ки дар наздиктарин фурсат миёни ду кишвар баргузор мегардад, созишномаи вижа ба тавсиб хоҳад расид.

Вай ҳамчунин афзуд, ки низомиёни рус ба таври ҳамешагӣ тавассути таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ, ки дар ихтиёри артиши Русия ҳаст, хати марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат менамоянд.

“Пойгоҳи 201-уми мо барои кӯмак ба Душанбе дар ҳолати зарурат омода аст. Мо ба тарви ҳамешагӣ тавонмандии ҷангӣ ва техникии онро тақвият мебахшем”, – таъкид намуд Сиромилотов.

Моҳи гузашта Игор Лякин-Фролов, Сафири Русия дар Душанбе ҳам таъкид дошта буд, ки пойгоҳи низомии 201-ум омода аст, то дар сурати зарурат ҳамлаҳои террористони афғон ба Тоҷикистонро рафъ намояд.

Сафири Русия пойгоҳи низомии 201-и кишвараш дар Тоҷикистонро кафили амният ва субот дар марзҳои ҷанубии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ унвон карда буд.


Ҷудо намудани маблағ аз буҷҷа барои рушди ҳунарҳои мардумӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед