Ru  | Tj
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёд кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёд кард
Акс: Интернет

Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёд кард

Нашр шуд

Роҳбари Россотрудничество Евгений Примаков дар бораи ҷойгоҳи Русия дар таълими кишварҳо ва барномаҳои таълимӣ барои хориҷиён ибрози назар кард.

Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия хабар дод, ки ҳамаи донишгоҳҳои Русия барои қабули довталабон омодаанд. Дар ин бора роҳбари Россотрудничество Евгений Примаков тавзеҳ дод.

"Дар байни довталабон аз кишварҳои ҳамсоя ҳамеша таваҷҷӯҳи зиёд ба таҳсил дар Русия вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам ин боқӣ мондааст. Ҷавонони зиёд аз ҳар кишвар ба портали махсус дархост равон кардаанд", - иброз намуд Примаков.

Ба гуфти Примаков Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад. Ба гуфти ӯ ҳадафи аслии ба таҳсил фаро гирифтани хориҷиён бозгашти онҳо ба ватан ҳамчун мутахассисони баландихтисос мебошад.

"Вазифаи асосии мо таълим додани донишҷӯёни кишварҳои ҳамсоя ва тақвияти ин кишварҳо аст", - баён дошт Примаков.

Ба тавзеҳи Примаков, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия пеш аз ҳама бояд ба вебсайти https://studyinrussia.ru/ ворид шуда, ариза пешниҳод кард.

Вай афзуд, ки ба зӯдӣ имкони санҷиши онлайн дар ин вебсайт пайдо мешавад.

Бояд гуфт, довталабоне, ки ба интернет дастрасӣ надоранд, метавонанд дар намояндагии Россотрудничество дар кишварҳояшон муроҷиат кунанд.

Мақомоти Русия шумораи квотаҳои иқомати муваққатиро барои муҳоҷирон коҳиш медиҳад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед