Ru  | Tj
Русия маҳдудиятро сабук намуд: ба киҳо иҷозати вуруд дода мешавад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия маҳдудиятро сабук намуд: ба киҳо иҷозати вуруд дода мешавад?
Акс: Интернет

Русия маҳдудиятро сабук намуд: ба киҳо иҷозати вуруд дода мешавад?

Нашр шуд

Тибқи фармоне аз ҷониби кишвари Русия маҳдудияти воридшавӣ ба ин кишвар сабук карда шуд.

Русия маҳдудияти убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро коҳиш дод. Фармони дахлдор, ки дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, марбут ба убури марзҳои хушкигарди Русия мебошад. Ин санадро Сарвазири Русия Михаил Мишустин 18 –уми майи соли равон имзо кардааст.

Тибқи он рӯихати шахсоне, ки дар Русия хешованд доранд, васеъ шуда, ба онҳо иҷозати ворид шудан ба қаламрави Русия дода шуд. Акнун шаҳрвандони дигар кишварҳо, агар онҳо ба назди ҳамсарашон, волидайн-падару модар, фарзандон, бародарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, фарзандхондагон, инчунин падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Русия раванд, ҳуқуқи аз сарҳад гузаштанро доранд. Қаблан танҳо ҳамсарон, волидайн, фарзандон, падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Федератсияи Русия метавонистанд ба Русия ворид шаванд.

Бояд зикр кард, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ шумо бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ) пешниҳод кунед.

Шаҳрвандоне, ки иҷозатномаи истиқомат дар хориҷаро доранд ё донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, метавонанд марзро чандин маротиба убур кунанд. Ин ба шахсоне низ дахл дорад, ки дар қаламрави дигар давлатҳо кор мекунанд.

Вазорати сохтмон ба ҳукумат дар бораи вуруди соддаи муҳоҷирон ба Русия пешниҳод ирсол кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед