Ru  | Tj
Русия мактаббачаҳои Тоҷикистонро бо ғизои витаминдор таъмин мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия мактаббачаҳои Тоҷикистонро бо ғизои витаминдор таъмин мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия мактаббачаҳои Тоҷикистонро бо ғизои витаминдор таъмин мекунад

Нашр шуд

Русия ва Созмони ҷаҳонии ғизо ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 1400 тонна кумаки навбатии ғизоӣ тақдим карданд.

Рӯзи 23 июл зимни як маросим сафорати Русия дар Душанбе ва Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 678 тонна орди гандуми витаминдор, 147 тонна равгани офтобпараст ва 150 тонна нахуд кумаки ғизоӣ таҳвил доданд. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки қисми дуввуми кумакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми беш аз 393 тонна ба вилояти Суғди Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Дар ин замина зикр шуд, ки ояндаи наздик ба Тоҷикистон боз як маҳмулаи кумакҳои ғизоӣ дар ҳаҷми 1354 тонна мерасад. Ин кумаки ғизоӣ дар чаҳорчӯби Барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии ғизо, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, ба 2 ҳазор мактаб дар деҳоти Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, инчунин таъмири ошхонахои мактабҳо низ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
 «Имсол мо ин ташаббусро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъат додем. Бачаҳои маҳаллӣ дар соли нави таҳсил ба ошхонаҳои таъмиршуда меоянд. Дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мо пайваста назорат ва ҷустуҷӯи он мактабҳоеро дорем, ки метавонанд дар барномаи мо ширкат кунанд», - гуфт Вера Хуторская, кордори сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.

Дар доираи ин барнома ҳудуди 450 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 1- 4 дар 2000 мактаби 53 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ба таври доимӣ бо хӯроки гарми серғизо таъмин карда мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед