Ru  | Tj
Русия мехоҳад ҷойи холии муҳоҷиронро бо маҳбусон пур кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия мехоҳад ҷойи холии муҳоҷиронро бо маҳбусон пур кунад
Акс: Интернет

Русия мехоҳад ҷойи холии муҳоҷиронро бо маҳбусон пур кунад

Нашр шуд

Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия кӯшиш ба харҷ медиҳад, то норасоии муҳоҷиронро тавассути меҳнати зиндониён ҷуброн кунад, аммо ин мушкилоти талафоти коргаронро дар ҳолати ба охир расидани "афви муҳоҷират", ҳал намекунад.

Собиқ муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, мутахассиси сиёсати муҳоҷират Вячеслав Поставнин иваз кардани хориҷиён бо маҳбусонро ғайри қобили амал шумурда, чунин қайд намудааст: "Ба назари ман, ин як навъ кӯшиши омехтани ду раванди комилан гуногун аст. Яке истифодаи маҳбусон дар як шаҳраки озод ва дигаре раванди муҳоҷират. Танҳо маҳбусон каманд ва ба хотири ҷалби онҳо бояд дар марҳилаи аввал кор кард, агар шумо дар бораи зарурати иҷтимоӣ кардани маҳбусон сухан ронед - лутфан, ин мавзӯъ имконпазир ва дуруст аст, аммо ин раванди муҳоҷиратро иваз намекунад, бешӯбҳа хориҷиён кам нахоҳанд буд ".

Аслан озодона кор кардани маҳбусон ба ҳайси пешхидмат, хаткашон ё коргар дар соҳаи манзилу коммуналӣ - дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон бештар кор мекунанд, ба назар шубҳаангез менамояд.

Ҳамчунин барои ин гуна изҳорот бешубҳа заминаҳо мавҷуданд – 15-уми июн мӯҳлати "афви муҳоҷирон" анҷом меёбад ва пас аз он тартиби соддаи будубоши хориҷиён дар Русия қатъ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки чанд рӯзи охир баҳсҳо дар мавриди иваз кардани қувваи кории муҳоҷирон ба маҳбусон идома дорад, аммо ҳанӯз мушаххасоти он маълум нест.

Мақомоти Русия шумораи квотаҳои иқомати муваққатиро барои муҳоҷирон коҳиш медиҳад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед