Ru  | Tj
Русия муҳоҷирони тоҷикро бо пардохти хароҷот ва музди меҳнати баланд ба кор даъват мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия муҳоҷирони тоҷикро бо пардохти хароҷот ва музди меҳнати баланд ба кор даъват мекунад
Акс: Интернет

Русия муҳоҷирони тоҷикро бо пардохти хароҷот ва музди меҳнати баланд ба кор даъват мекунад

Нашр шуд

Як қатор шаҳрҳои Русия ба қувваи кории муҳоҷирони тоҷик эҳтиёҷ пайдо намудаанд.

Корхонаҳои Хабаровск, Владивосток, Краснодар ва Уляновски Федератсияи Русия муҳоҷирони тоҷикро ба фаъолияти меҳнатӣ даъват менамоянд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ба муҳоҷирони тоҷик кафолат дода шудааст, ки хароҷоти сафар, омода намудани ҳуҷҷатҳои корӣ, ҷойи зист ва хурду хӯрок аз ҷониби кордиҳанда пардохт карда мешавад.

Шаҳрҳои мазкур асосан эҳтиёҷ ба қувваи кории хиштчин, барқчӣ, челонгар, рангуборчӣ, сангчин дошта, бояд сину соли коргарон аз 22 то 50 соларо дар бар гирад.

Илова бар ин, барои муҳоҷирони даъватшуда музди меҳнат аз 45 000 рубл то 70 000 рубл муқаррар гардидааст.

Хоҳишмандон метавонанд барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба суроғаи ш. Душанбе, кучаи Айнӣ 121 муроҷиат намоянд ва ё тариқи рақамҳои телефонии зерин бо масъулон дар тамос шаванд: 2250221, 919320133

Қабули шаҳрвандон аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар гардидааст.




Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед