Ru  | Tj
Русия низ ТЭТ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия низ ТЭТ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон кард
Акс: Озодӣ

Русия низ ТЭТ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон кард

Нашр шуд

Суди олии Русия ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ*-ро ташкилоти террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнуъ эълон кард.
 
Ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", Суди олии Русия рӯзи чоршанбе даъвои Прокуратураи генералии ин кишвар дар мавриди чун созмони террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ва манъ намудани фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Русияро қонеъ гардонд.
 
Қаблан Прокуратураи генералии Русия ба манзури террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* ба Суди олии ин  кишвар даъво пешниҳод карда буд.
 
Бояд гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ* ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шуда буд. Баъдан ин ҳизб  ҳамчунин ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ ва  ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СААД” ворид гардид. 

* — Созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо


Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон: 40 ҳазор барои таблиғот


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед