Ru  | Tj
Русия шаҳодатномаи эмгузаронии Тоҷикистон бар зидди коронавирусро эътироф мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия шаҳодатномаи эмгузаронии Тоҷикистон бар зидди коронавирусро эътироф мекунад
Акс: Fergana.agency

Русия шаҳодатномаи эмгузаронии Тоҷикистон бар зидди коронавирусро эътироф мекунад

Нашр шуд

Ҳукумати Русия эълон кард, ки шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавируси Тоҷикистонро эътироф хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия, Сарвазири ин  кишвар Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус созишнома баста шавад. 

Гуфта мешавад, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон тавассути табодули нотаҳо ва бастани созишномаи байниҳукуматӣ ба мувофиқа мерасанд, ки «маҳдудият нисбат ба дорандагони шаҳодатномаҳои эмгузарониро бинобар паҳншавии сирояти нави коронавирус», ки дар қаламрави ҳарду давлат дода шудаанд, инчунин нисбат ба кӯдакон ва наврасони то 18-сола, ки шаҳодатнома надоранд, татбиқ кунанд.

Манбаъ лоиҳаи нотаи ҷониби Русияро нашр кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст,  шаҳодатномаҳо ба ғайр аз маълумоти шахсии шаҳрванд бояд рамзи QR-и заруриро бо маълумот дар бораи эмгузаронӣ дошта бошанд.

Бояд гуфт, ки қаблан Мишустин ҳамчунин дастур дода буд, ки бо Беларус ҳамин гуна як созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус баста шавад.

Соли гузашта дар пайи хуруҷи коронавирус Тоҷикистон гирифтани ваксинаро барои ҳар шаҳрванди аз 18-сола боло ҳатмӣ муқаррар карда буд.



Эмгузаронӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед