Ru  | Tj
Русия шароити эътирофи Толибонро эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия шароити эътирофи Толибонро эълон кард
Акс: РИА Новости

Русия шароити эътирофи Толибонро эълон кард

Нашр шуд

Замир Кабулов, намояндаи вижаи Президенти Русия барои Афғонистон гуфт, Маскав ҳукумати Толибонро* замоне эътироф хоҳад кард, агар ин гурӯҳ меъёрҳои ҳуқуқи башарро риоя кунад ва ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҷараёнҳои сиёсиро дар Афғонистон таъсис диҳад.

Амирхон Мутаққӣ, Вазири умури хориҷии Толибон, дар бозгашт аз нишасти ахири Осло гуфта буд, ки ҳукумати Толибон фарогир аст ва таъкиди Ғарб ба ташкили ҳукумати фарогир чизе ҷуз “баҳонаҷӯӣ” нест.

Кобулов дар як мусоҳибааш ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати феълии Толибон фарогир нест ва онҳое, ки аз дигар қавмҳо ба ҳукумат ворид шудаанд, асосан аъзои ин гурӯҳ ҳастанд.

Намояндаи Русия гуфт, "шароит барои эътирофи расмии мақомоти Толибон замоне фароҳам хоҳад шуд, ки онҳо аз рӯи ин талабҳо иқдомоти мушаххас андешанд."

Кобулов бар ин назар аст, вазъи иқтисодии Афғонистон ба маротиб бадтар аз он аст, ки дар гузоришҳои СММ инъикос ёфтааст.

Вай аз мақомоти Толибон даъват кард, агар бихоҳанд, ки дар қудрат боқӣ бимонанд барои аксари шаҳрвандони ин кишвар шароити муқаррарии зиндагӣ фароҳам кунанд, то бидуни кӯмакҳои байналмилалии иқтисодӣ ва башардӯстона имконнопазир бошад.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


ИМА музокирот барои эътирофи Толибонро оғоз кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед