Ru  | Tj
Русия шумори донишҷӯёнро аз кишварҳои ИДМ зиёд хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия шумори донишҷӯёнро аз кишварҳои ИДМ зиёд хоҳад кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия шумори донишҷӯёнро аз кишварҳои ИДМ зиёд хоҳад кард

Нашр шуд

Тайи ду соли охир донишгоҳҳои Русия бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯён аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистонро зиёд кардаанд.

Федератсияи Русия барои зиёд кардани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ талош хоҳад кард, зеро шарикони Маскав дар иттиҳод ба ин бахш таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Михаил Галузин дар ҷаласаи ҳамоиши байналмилалии парлумонии кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Хонишҳои пушкинӣ» изҳор дошт.

«Мо аз ҷониби шарикони ИДМ алоқамандӣ барои зиёд кардани шумораи донишҷӯён дар Русияро мушоҳида мекунем ва корро дар ин самт идома хоҳем  дод», - гуфт Галузин.

Вай ёдовар шуд, ки танҳо дар ду соли ахир бурсия барои таҳсили донишҷӯён аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон дар донишгоҳҳои Русия афзоиш ёфтааст. 

“Албатта, ин кор тибқи қарорҳои дар сатҳи роҳбарияти олии ҳукумати Русия қабулшуда идома хоҳад ёфт", - таъкид кард дипломати рус.

Қаблан мақомоти Русия хабар дода буданд, теъдоди бурсия барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия барои соли таҳсили 2023-2024 ба 30 ҳазор расид, ки ин рақам дар даҳсолаҳои охир ду баробар афзоиш ёфтааст.

Гуфтанист, Русия барои соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилиро то ба 1 ҳазор ҷой зиёд кард.
 
Бар асоси омори расмӣ, айни замон дар мактабҳои олии Русия беш аз 28 ҳазор донишҷӯ ва аспирант аз Тоҷикистон таҳсил  мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед