Ru  | Tj
Русия сохтани дидбонгоҳ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия сохтани дидбонгоҳ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро оғоз кард
Акс: ИноСми

Русия сохтани дидбонгоҳ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро оғоз кард

Нашр шуд

Як масъули баландпояи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш сохту сози як дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро оғоз кардааст.

Замир Кобулов, роҳбари раёсати дуввуми Осиёи Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар сӯҳбат ба хабаргузории “РИА Новости” зикр намуд, ки бунёди дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли амалӣ шудан аст ва барои ин тарҳ маблағ ҳам ҷудо шудааст.

Аммо Кобулов дар бораи дар кадом мавзеи сарҳадӣ бунёд шудани ин дидбонгоҳ иттилое надод ва ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин бобат хабаре пахш накардааст.

Қаблан Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷаи Русия дар як сафари худ дар Душанбе дар моҳи май гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба бунёди як дидбонгоҳи муосир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар замони наздик тавофуқнома ба имзо хоҳанд расонид.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди муноқишаҳои сарҳадӣ омодаи гуфтушуниди мусолиматомезанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед