Ru  | Tj
Русия созишномаи кишварҳои ИДМ дар бораи тиҷорати озоди хизматрасониро тасвиб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия созишномаи кишварҳои ИДМ дар бораи тиҷорати озоди хизматрасониро тасвиб кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия созишномаи кишварҳои ИДМ дар бораи тиҷорати озоди хизматрасониро тасвиб кард

Нашр шуд

Ин санадро сарони ҳукуматҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон имзо карданд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонун дар бораи тасвиби Созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасонӣ, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои ИДМ-ро имзо кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Ин санад 8 июни соли 2023 дар Сочи аз ҷониби сарони ҳукуматҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон имзо шуда буд.

Созишнома дар асоси қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи Созишномаи тиҷорати озод аз 18 октябри соли 2011 таҳия шудааст.
Дар замимаи санади мазкур зикр мегардад, ки ин созишнома рушди устувори минтақаи тиҷорати озод миёни ИДМ дар соҳаи хизматрасонӣ ва молро таъмин намуда, инчунин шароити мусоид барои рушди иқтисод ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми ин кишварҳо таъмин мекунад.
 
Созишнома ба муносибатҳои байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки байни онҳо шартҳои озодтари тиҷорат татбиқ мешаванд, таъсир намерасонад. Ҳамзамон, ин санад низоми пешбинишавандаи тиҷорати хадамот ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва инчунин Тоҷикистону Узбекистонро муқаррар мекунад.
 
Узбекистон, ки узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нест, қаблан ӯҳдадориҳои марбут ба тиҷорати хидматрасониро нисбат ба Русия надошт. Ҳамакнун ба ширкатҳои хидматрасонии Русия дастрасӣ ба бахшҳои тиҷорат, иртиботот, сохтмон, маориф ва молия дар ин кишвар кафолат дода шудааст.
 
Ҳамзамон Тоҷикистон аллакай дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар назди Русия ӯҳдадориҳои муайянеро ба душ гирифтааст. Акнун Душанбе ба таври илова ӯҳдадориҳоро дар заминаи пешниҳоди хизматрасонӣ аз ҷониби ширкатҳои низоми пардохтӣ, инчунин дар заминаи фаъолияти нотариалиро низ ба дӯш мегирад.

Илова бар ин, Узбекистон ва Тоҷикистон барои дастрасӣ ба бозор ва низоми миллӣ дар мавриди таъсиси ширкатҳо, филиалҳо ва намояндагиҳо дар бахшҳои иқтисод, аз қабили саноат, кишоварзӣ ӯҳдадор мешаванд.
 
Дар созишнома инчунин меъёри ягонаи ҳифзи соҳибкорон ва сармоягузории онҳо дар бозорҳои ин кишварҳо пешбинӣ шудааст.
 
Тибқи арзёбии Кумитаи иҷроияи ИДМ, пешбинӣ мешавад, ки дар сурати иҷрои ин созишнома ҳаҷми муомилоти хизматрасониҳо дар доираи кишварҳои ИДМ 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
 
Созишномаи мазкур барои Русия, Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, барои Арманистон, Қазоқистон в Узбекистон минтақаи тиҷорати озоди хидматрасонӣ баъди анҷоми расмиёти дохилӣ эътибор пайдо мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед