Ru  | Tj
Русия то охири сентябр “депорт” намекунад. Амри нави Путин

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия то охири сентябр “депорт” намекунад. Амри нави Путин
Акс: Интернет

Русия то охири сентябр “депорт” намекунад. Амри нави Путин

Нашр шуд

Президенти Русия бо судури амре ҳузури муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишварро 90-рӯзи дигар тамдид кард.

Ба гузориши Sputnik, Владимир Путин дар бобати андешидани чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) амри нав ба имзо расонид ва он сар аз 16 июн ба ҳукми қонунӣ даромад.

Бар асоси амри нави Путин муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доранд, дар сурати вайрон накардани қонунҳои Русия, то охири моҳи сентябр аз ин кишвар депорт ё ихроҷ намешаванд ва агар аз ҷониби онҳо қонуншикание ҳам дар гузашта содир шуда бошад, танҳо ҷарима мешаванд. Муҳоҷирон давоми ин 90 рӯз бояд санадҳои худро дуруст ва кору зиндагиашонро қонунӣ кунанд.

Қаблан ба муҳоҷирон то 15-уми июни имсол чунин муҳлат дода буданд.

Дар мавриди онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, тибқи амри ҷадиди Путин ба онҳо имкон дода мешавад, ки бидуни депорту манъи вуруд будубошро қонунӣ кунанд.

Вадим Коженов, Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шарҳи амри Президент гуфтааст, ки то 30 сентябр мақомот ҳаққи ихроҷ ва манъ кардани вуруд ба Русияро надоранд. Муҳоҷироне, ки солҳо ҳузурашонро қонунӣ накардаанд, беш аз се моҳ доранд, ки ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кунанду бо пардохти ҷарима ҳузурашонро қонунӣ кунанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд то тобистони соли 2021 қонунан дар қаламрави Русия бимонанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед